Ҳамкории самаранок бо ВАО ва ҷомеа

Сентябрь 2, 2014 09:30

Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Раёсати амнияти миллӣ ва мактаби аспирантураи байналмилалии ИМА дар якҷоягӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мавзӯи “ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муоширати стратегӣ” семинар ташкил намуд.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, дар кори тренинг роҳбарон ва кормандони хадамоти матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. 
Барномаи тренинг баромади коршинос — корманди раёсати мазкур профессор Тристан Ҷеймс Мабри мубодилаи афкор бо иштирокчиёни он ва мубоҳисаро дар бар мегирифт.
Дар тренинг кормандони хадамоти матбуотии вазорату идораҳо донишу малакаи худро, ки барои кори ҳамарӯза бо намояндагони васоити ахбори омма ва ҷомеа зарур аст, намоиш доданд.  
“Ҳамкории самаранок бо ВАО ва ҷомеа — вазифаи асосии ҳар як хадамоти матбуотӣ мебошад. Кормандони хадамоти матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд барои дар сатҳи олӣ пешниҳод намудани иттилоот дар бораи фаъолияти идора ва расонидани он ба ҷомеа малакаи хуби касбӣ дошта бошанд” — иброз намуд Ҷеймс Мабри.
 
 
 

Сентябрь 2, 2014 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст