Ҳамкории самаранок бо ВАО ва ҷомеа
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Раёсати амнияти миллӣ ва мактаби аспирантураи байналмилалии ИМА дар якҷоягӣ бо Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мавзӯи “ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муоширати стратегӣ” семинар ташкил намуд.
Тибқи иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, дар кори тренинг роҳбарон ва кормандони хадамоти матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Барномаи тренинг баромади коршинос — корманди раёсати мазкур профессор Тристан Ҷеймс Мабри мубодилаи афкор бо иштирокчиёни он ва мубоҳисаро дар бар мегирифт.
Дар тренинг кормандони хадамоти матбуотии вазорату идораҳо донишу малакаи худро, ки барои кори ҳамарӯза бо намояндагони васоити ахбори омма ва ҷомеа зарур аст, намоиш доданд.
“Ҳамкории самаранок бо ВАО ва ҷомеа — вазифаи асосии ҳар як хадамоти матбуотӣ мебошад. Кормандони хадамоти матбуотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд барои дар сатҳи олӣ пешниҳод намудани иттилоот дар бораи фаъолияти идора ва расонидани он ба ҷомеа малакаи хуби касбӣ дошта бошанд” — иброз намуд Ҷеймс Мабри.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






