Ҳамкории Тоҷикистону Финландия идома дорад
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни хадамоти геологии Тоҷикистону Финландия баргузор гардид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёддошт дар бораи ҳамфикрии байни Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Финландия аз рӯи лоиҳаи «Истифодаи захираҳои табиӣ барои беҳбудии миллӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2014-2017» ба имзо расид.
Лоиҳаи мазкур дар асоси Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳуми байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия, ки 13-уми декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.
Мақсад аз Ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳум рушди ҳамкорӣ дар самтҳои густариши устувори ҳамкорӣ, табодули иттилоот , таҳқиқи минтақавии равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиши корҳои геофизикӣ барои истифодаи захираҳои табиӣ, таъминот бо таҷҳизоти муосири геологию геофизикӣ мебошад.
Ҳуҷҷатро сардори Сарраёсати геология Мурод Хол ва менеҷери лоиҳа Юкка Мултала имзо намуданд.
Тарҷумон, М. Шарифзода.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






