Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба Конститутсия

Сентябрь 26, 2014 17:06

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба   20-умин солгарди Конститутсияи кишвар конфронси байналмиллалӣ дар мавзӯи «Нақши Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона»  баргузор гардид.
Бахтиёр Худоёрзода-роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сухани табрикотии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дар назди  иштирокчиён қироат намуд.
Вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод вобаста ба нақш ва аҳамияти таърихии Конститутсияи ҶТ чунин ибрози андеша намуд: “Конститутсия, ки дар асл шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо мебошад, барои моил шудан ба ҳадафҳои бунёдкорию созандагии дар назди мо қарордошта, ки мақсади ниҳоии онҳо эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад, мусоидат мекунад”.   
Раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи ҶТ дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» маърӯза намуда, таъкид кард, ки: «Хусусияти муҳими Конститутсияи ҶТ дар он аст, ки вай аз як тараф қонуни асосии давлат, аз тарафи дигар қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ба моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.
Бо қабули Конститутсия, ки имрӯзҳо аз он 20-сол сипарӣ мешавад, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир иникос менамояд».
Доктор Ларс Брокер-намояндаи Суди конститутсионӣ ва Суди олии маъмурии Рейнланд-Пфалтси Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ки иштирокчии конфронс ба шумор мерафт, дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки: «Нақши Конститутсия дар бунёди давлатдорӣ хеле муҳим аст. Сиёсатмадорону таҳлилгарон асоси пешрафти давлат, ташаккули ҷомеа ва инкишофи ғояҳои солими давлатдориро натиҷаи мавҷудият ва амалишавии меъёрҳо ва талаботи қонуни асосии ҳар як кишвар маънидод менамоянд.
Аз ин рӯ, давлате, ки барои таъмини амалишавии меъёрҳои Конститутсия ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ шароит фароҳам намеорад, ба монеа ва мушкилоти гарон дучор мегардад.
Вобаста ба ин гуфтаниям, ки Конститутсияи ҶТ ва рукнҳои он дар давлату давлатдорӣ аҳамияти хеле бузург дорад Ҳукумати Тоҷикистон баробари қабули Контитутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон  иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд».
Иштирокдорон дар бораи мавқеи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати шаҳодатномаи ҳар як халқ ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон зикр намуданд.

 
 

Сентябрь 26, 2014 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад