Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2014 11:25

Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Дар  даври  интихобии  мусобиқоти дастаҳои ҷавонон  оид ба  футбол  барои  дарёфти Ҷоми  Осиё  дар  соли  2016, ки  аз  23  то  31  марти  соли 2015  баргузор  мегарданд,   дастаи   мунтахаби  Тоҷикистон  низ  иштирок  менамояд. Ҳарифони  футболбозони  ҷавони  кишвар   моҳи  декабр  баъди қуръапартоӣ  маълум  мешаванд.
Назар ба  хабари  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон, дар  даври  интихобии мусобиқот  43  даста  иштирок  менамояд, ки  ба  ду  минтақа  тақсим  шудаанд. Ба  минтақаи  ғарбӣ 24  даста, аз ҷумла  дастаҳои  мунтахаби  Афғонистон,  Баҳрайн,  Бангладеш, Ҳиндустон,  Эрон, Ироқ, Урдун, Кувейт,  Қирғизистон, Лубнон, Малдив, Непал, Уммон, Покистон, Фаластин,  Қатар,  Арабистони  Саудӣ,  Шри – Ланка, Сурия, Тоҷикистон,  Туркманистон, Аморати  Муттаҳидаи  Араб, Ӯзбакистон ва  Яман  шомиланд.
Минтақаи  шарқӣ иборат  аз 20  даста – Австралия,  Бруней, Камбоҷа,  Чин, Тайбэи  Чин, Ҷумҳурии Демократии  Мардумии  Куриё, Ҳонконг, Индонезия,  Ҷопон,  Куриёи  Ҷанубӣ,  Лаос, Макао, Малайзия,  Муғулистон, Мянма, Филиппин,  Сингапур,  Таиланд, Тимори  Шарқӣ ва  Ветнам  мебошад.
Назар  ба  иттилои Конфедератсияи  футболи  Осиё,  чор  кишвар, яъне Эрон, Қатар, Арабистони  Саудӣ  ва  Ӯзбакистон ба  доир  намудани  қисми  ниҳоии  мусобиқоти  Осиё – 2016  идао  доранд. Мизбони  ин  мусобиқоти  қитъавӣ дар даври  интихобии он иштирок  намекунад.

Сентябрь 2, 2014 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд