Ҳ.Рӯҳонӣ: «Ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда рушд хоҳанд ёфт»

Сентябрь 11, 2014 10:40

 
Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталиф, бахусус парлумонӣ дар ҷараёни мулоқоти  Шукурҷон  Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии  Исломии  Эрон дар Душанбе баррасӣ гардид.
        Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки равобити парлумони ду кишвар солҳои охир беш аз пеш рушд меёбанд. Фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ-байнипарлумонӣ ва сафари ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои ҳамдигар дар таърихи равобити Тоҷикистону Эрон саҳифаи наверо боз хоҳад кард.
     Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки «Эрон  нахустин кишварест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992  Сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард”.Зикр шуд, ки байни Тоҷикистону Эрон беш аз 100 санади муҳими байнидавлатӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин аснод дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамзабонро муайян месозад. Алҳол дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон беш аз 150 ширкату корхонаҳои муштарак  фаъолият доранд.
   Таъкид гардид, ки бунёди роҳи оҳани Эрон — Афғонистон — Тоҷикистон, роҳи мошингард ва хатти интиқоли барқи Эрон — Афғонистон — Тоҷикистон иқдоми наҷиб ва фоли некест аз дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои се кишвари форсизабон. Дар оянда сохтмони хати лӯлаи  интиқоли  об аз Тоҷикистон ба Эрон ва газ аз Эрон ба Тоҷикистон намунаи барҷастаи равобити  ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон хоҳад буд. Инчунин ҷонибҳо ба истифода додани  Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”-ро намунаи олии ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ карданд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки сафари   Шумо дар таърихи равобити ду кишвари бародар, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг саҳифаи наверо боз хоҳад кард.
              Ҳасани  Рӯҳонӣ, Президенти Эрон изҳор дошт: ”итминон дорам, ки миёни давлатҳо ва парлумонҳоямон бо истифода аз шароити мусоид ҳамкориҳои судманд беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт. Ҳасани Рӯҳонӣ аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО),Созмони Конфронси Исломӣ (ОИК) ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  ҳамкориҳои парлумонӣ, иқтисодию тиҷоратиро меҳвари асосии густариши муносиботи Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуд.

 
 
 

Сентябрь 11, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд