Ҳ. Рӯҳонӣ имрӯз ба Душанбе меояд
Душанбе, 10..09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз, 10 сентябр Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон бо нахустин сафари расмӣ озими Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Интизор меравад, ки Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбе ва Теҳронро матраҳ намояд. Ҳамзамон зимни сафари расмии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон доир гардида, дар он маҷмӯи санадҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф ба имзо расонида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






