Ҳ. Рӯҳонӣ маросими ба истифода додани «Сангтӯда-2»-ро аз Душанбе тамошо мекунад
Душанбе, 10.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ки имрӯз 10 сентябр бо сафари нахустини расмӣ бо як ҳайати баландпояи давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми неругоҳи барқи обии «Сангтуда-2» иштирок намекунад. Вафо Ниятбеков -муовини сардори Раёсати иттилот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳасани Рӯҳонӣ-Президенти Эрон маросими ба истифода додани чархаи дуюми НБО «Сангтӯда»-ро дар Душанбе истода, тавассути пахши мустақими телевизионӣ тамошо менамояд. Бояд тазаккур дод, НБО «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 мегаватт аз ду агрегат иборат аст. Лоиҳаи сохтмони ин неругоҳ муштарак буда, саҳми Тоҷикистон 40 миллион $ ва ҷониби Эрон 180 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Ин неругоҳ дар ҷануби Тоҷикистон, дар 120 километрии қисмати ҷанубию шарқии Душанбе воқеъ буда, агрегати якуми он 5 сентябри соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба истифода дода шуд. Тибқи Созишномаи ба имзорасида миёни Тоҷикистону Эрон ин кишвар баъди 12,5 соли истифодаи НБО «Сангтӯда-2» онро дар ихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






