Ҳ. Рӯҳонӣ: «Мубодилаи молро тавсеа бояд дод»
Изҳороти матбуотии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим,
Дар оғоз Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистонро, ки рӯзи миллии кишвар аст, ба мардуми азизи ин кишвар ва давлати Тоҷикистон табрик мекунам.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бисёр хушҳолем, ки дар тӯли ин муддат равобити ду кишвар дар ҳоли густариш буд. Тоҷикистону Эрон дорои реша, фарҳанг ва таърихи муштарак ҳастанд ва имрӯз аз нав давлатҳои ду кишвар талош доранд, то ин робитаҳоро дар ҳамаи заминаҳо таҳким бахшанд.
Дар мулоқоти муфассали дуҷониба ҳам дар ҷаласаи хоссаи раисони ҷумҳур ва ҳам дар ҳайати васеъ мубоҳисаи бисёр хуб дар заминаҳои мухталиф матраҳ шуд ва дарвоқеъ, талош ин буд, ки то дар моҳҳо ва солҳои оянда зарфиятҳои ду кишварро ба феълият биёрем ва битавонем аз иқтидорҳои мавҷудаи ду кишвар ба нафъи ду миллат ва кулли минтақа истифодаву баҳрабардорӣ кунем.
Дар заминаи иқтисодӣ ин ду кишвар ҳамкориҳои хубе дар солҳои гузашта доштанд, ки имрӯз маҳсули яке аз он ҳамкориҳо ва талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шоҳид будем.
НБО-и «Сангтӯда» чанд лаҳза пеш ифтитоҳ шуд ва ин ба маънои он аст, ки ду кишвар метавонанд бо ҳамкории якдигар тавсеаи ду кишварро кумак кунанд ва ин ба он маъност, ки муҳандисон ва фаъолони иқтисодии давлати Эрон ҳамвора омодагӣ доранд ва дар заминаҳои мухталифи миллат ва давлати Тоҷикистон кумак кунад.
Дар ҷаласаи имрӯз дарвоқеъ ҳамин ё он заминаҳоеро, ки барои оянда дар тавсеаи равобити ду кишвар аҳамият доранд, бар шумурдем ва мавриди гуфтугӯ қарор додем.
Дар заминаи масоили фарҳангӣ ва илмӣ мубоҳисаи хубе доштем ва тафоҳум кардем, ки дар заминаи равобити донишгоҳҳо ва дар заминаи тавсеаи гардишгарӣ битавонем заминаи ҳамкориҳоро тавсеа диҳем. Мардумони ин ду кишвар дорои фарҳангу тамаддун ва ҳамзабон буда, дар мавриди дидорбинию гуфтугӯ ниёз ба мутарҷим надоранд. Мо бояд заминаҳои гардишгарӣ (мубодилаи мол)-ро тавсеа бидиҳем, то тоҷирону соҳибкорони ду кишвар битавонанд корҳои муҳимеро ба анҷом расонанд.
Минтақаи мо бисёр минтақаи ҳассос аст ва мутаассифона, дар моҳҳои охир мо шоҳиди мушкилоти бештаре дар субот ва амнияти минтақа будем, ин масъаларо низ мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор додем. Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Дар заминаи амниятӣ ва масоили дифоӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи кумак ва омодаи иҷрои тафоҳумоти ду кишвар аст. Тоҷикистон ба унвони кишвари муҳими минтақа мебошад ва сулҳу субот ва амнияташ метавонад барои сулҳу суботи кулли минтақа дорои аҳамияти муҳим бошад.
Аз меҳмоннавозии давлат ва Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр минатдорам ва умедворам робитаҳои ду кишвар шоҳиди ҳаракати рӯ ба ҷило ва тавсеа дар ҳамаи бахшҳо бошанд, чунки ин тавсеаву равобит ба нафъи ду миллат ва кулли минтақа хоҳанд буд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






