Ҳ. Рӯҳонӣ: «Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Эрон аст»
Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст». Ин матлабро Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни изҳорот аз натоиҷи мулоқоти хосааш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони васоити ахбори омма дар Қасри миллат иброз дошт.
Мавсуф зикр кард, ки мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мухталифи тавсеаи ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Эрон ва авзои минтақаю ҷаҳонро баррасӣ намудем,зеро,- афзуд Ҳасани Рӯҳонӣ, минтақаи мо бисёр минтақаи ҳассос аст ва дар моҳҳои охир мо шоҳиди мушкилоти бештаре дар субот ва амнияти минтақа будем. Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки дар заминаи амниятӣ ва масоили дифоӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи кумак ва омодаи иҷрои тафоҳумоти ду кишвар дар ин заминаҳост.
Президенти Эрон Тоҷикистонро ба унвони кишвари муҳими минтақа арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон метавонад барои сулҳу суботи кулли минтақа дорои аҳамияти муҳим бошад.
Бо ишора ба муштаракоти мардумони Тоҷикистону Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ зикр намуд, ки мардумони ду кишвар дорои фарҳангу тамаддун ва ҳамзабон буда, дар мавриди дидорбинию гуфтугӯ ниёз ба мутарҷим надоранд. Ба андешаи Президенти Эрон Тоҷикистону Эрон дар оянда имкон доранд ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои сайёҳӣ, равобити донишгоҳӣ, иқтисоду тиҷорат тавсеа бахшанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






