Ҳ. Рӯҳонӣ: «Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Эрон аст»

Сентябрь 11, 2014 09:45

       Душанбе, 11.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Субот ва амнияти Тоҷикистон субот ва амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст». Ин матлабро Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни изҳорот аз натоиҷи мулоқоти хосааш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди  намояндагони васоити ахбори омма дар Қасри миллат  иброз дошт. 
          Мавсуф зикр  кард, ки мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мухталифи тавсеаи ҳамкориҳои ҳасанаи Тоҷикистону Эрон ва авзои минтақаю ҷаҳонро  баррасӣ намудем,зеро,-  афзуд Ҳасани Рӯҳонӣ,  минтақаи мо бисёр минтақаи ҳассос аст ва дар моҳҳои  охир мо шоҳиди мушкилоти бештаре дар субот ва амнияти минтақа будем. Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки   дар заминаи амниятӣ ва масоили дифоӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи кумак ва омодаи иҷрои  тафоҳумоти ду кишвар дар ин заминаҳост. 
          Президенти Эрон Тоҷикистонро ба унвони  кишвари муҳими минтақа арзёбӣ намуда, таъкид кард,  ки сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон метавонад  барои сулҳу суботи кулли минтақа дорои аҳамияти муҳим  бошад. 
      Бо ишора ба муштаракоти мардумони Тоҷикистону Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ зикр намуд, ки мардумони ду кишвар дорои фарҳангу тамаддун ва ҳамзабон буда, дар мавриди дидорбинию гуфтугӯ ниёз ба мутарҷим надоранд. Ба андешаи Президенти Эрон Тоҷикистону Эрон дар оянда имкон доранд ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар заминаҳои сайёҳӣ, равобити донишгоҳӣ, иқтисоду тиҷорат тавсеа бахшанд. 

Сентябрь 11, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд