Ҷаласаҳои сайёри Ситоди «Кукнор-2014» дар Хатлон

Сентябрь 23, 2014 16:11

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои Ситоди байниноҳиявии амалиёти «Кукнор — 2014» доир гардиданд.
Дар маркази маъмурии ноҳияи Қубодиён ҷаласаи сайёри Ситоди байниноҳиявии «Кукнор-2014» баргузор шуд, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрави вилояти Хатлон ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар шаҳри Норак ҷаласаи сайёри Ситоди зудамал баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раисони ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон иштирок намуданд.
Дар ноҳияи Қумсангир ҷаласаи Ситоди мазкур бо иштироки намояндагони ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Панҷ, Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаҳо сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон полковник М. Хайруллозода зимни суханрониаш иброз дошт, ки дар ноҳияҳои ҳамсарҳади Афғонистон якчанд ҷинояткориҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуданд. Мавсуф зикр намуд, ки муборизаи зидди маводи мухаддир вазифаи на фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳамаи аҳли ҷамъият аст. 
Дар ҷаласаҳо масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят оид ба иҷрои дастурҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дурнамои ташкилу роҳандозии амалиёти «Кукнор-2014», нуқсонҳои ин кор ва рафъи онҳо, ҳамчунин вусъат бахшидани кор ҷиҳати ҷилавгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ дар вилоят баррасӣ шуданд.

Сентябрь 23, 2014 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!