Ҷаласаи 10-уми Иттиҳоди байнибонкии СҲШ дар Душанбе

Сентябрь 15, 2014 10:26

Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 10-уми Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки раисон ва гурӯҳҳои кории бонкҳои узви ин созмон: «Бонки Рушди Қазоқистон», «Бонки Рушди Хитой», «РСК Банк» аз Қирғизистон, «Внешэкономбанк» аз Русия ва ҳамчун Бонки раисикунандаи ин Иттиҳод дар солҳои 2013-2014 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бонки шарик «АСБ Беларусбанк» баргузор гардид. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, раиси раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба натиҷаҳои кории фаъолияти Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар давраи раёсати «Амонатбонк» дар солҳои 2013-2014 дар ин Иттиҳод маърӯза намуд. 
 Дар  ҷаласа масъалаи ба имзо расонидани «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мустаҳкамгардонии ҳамкориҳои молиявӣ барои рушди минтақа» баррасӣ гардид. 
 Қобили зикр аст, ки ин масъала то ҷое ҳамкориҳоро дар самти рушд ёфтани лоиҳаҳо ва инфрасохторҳои минтақаҳоро дар тамоми давлатҳои узви Созмон густариш медиҳад. 
 Дар ин ҷаласа «Тартиб дар бораи ҷобаҷогузорӣ ва фаврӣ фаъолият намудани ИБ СҲШ ва пайдарпаии пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми қабули раисӣ аз як бонк ба бонки дигари аъзои ИБ СҲШ  қабул гардид. 
 Тарафҳо аз ҳамкориҳо бо котиботи СҲШ ҷиҳати ба фаъолияти ИБ СҲШ ҷалб намудани ташкилотҳои молиявии давлатҳое, ки дар СҲШ ваколатдор ҳастанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Оид ба натиҷаи ҳамкориҳо дар масъалаи тайёр намудани кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисон, ки самти муҳими қавӣ гардонидани ҳамкориҳои мутақобилаи бонкҳои узви Иттиҳоди байнибонкии СҲШ мебошад баҳои баланд дода шуд ва зикр гардид, ки ин масъала дар оянда низ бояд густариш ёбад. 

Сентябрь 15, 2014 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!