Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Шерхон Салимзода Одина ҷаласаи 24-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа прокуророни генералии Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Тоҷикистон ва муовинони прокурори генералии Русия ва Озарбойҷон, инчунин котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои таҷрибаи кории прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокчии ИДМ, тасдиқи маърӯзаи таҳлилӣ ва ҳисоботи ҷамъбастии «Маълумот дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, кори тафтишот, фаъолияти прокурорӣ, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳалати иҷрои «Барномаи ҳамкорӣ дар соли 2013», амалияи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, алалхусус дар хориҷи кишвар, такмил додани ҳамкориҳо бобати мубориза бо коррупсия, амалияи иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ дар соли 2013, дар бораи таъйини Котиби иҷроияи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 20 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа иштирокчиён омодагии худро бобати таҳким бахшидани ҳамкориҳои воқеии байни прокуратураҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва яроқ, мубориза бо коррупсия, хариду фурӯши одамон, дигар намудҳои ҳаракатҳои ҷиноии фаромиллӣ, ҳамчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ изҳор намуда, зарурати минбаъд муттаҳид кардани қувваҳо ва таъмини ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ҳадафи асосии хеш қарор доданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ соли 2015 дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор хоҳад гашт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






