Ҷаласаи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии СҲШ

Сентябрь 19, 2014 17:10

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ Ховар, Манижа Баҳромзода).- 19 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 25-уми Шӯрои  минтақавии сохтори зиддитеррористии СҲШ бо роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар  ҷаласаи мазкур  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ҷаласаи Шӯрои  минтақавии сохтори зиддитерористии СҲШ иштирок намуданд.
       Бо мақсади мустаҳкам кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар роҳи мубориза баҳри ошкорсозии терроризм ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкориҳои Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай бо  аъзои   салоҳиятдори Муғулистон, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон  баррасӣ шуда, қабул гардиданд.
      Зимни ҷаласа  чораҳои  муштараки аъзои   салоҳиятдори узви СҲШ  оид ба муносибати шахсони  иштироккунандаи  муноқишаҳои мусаллаҳона  дар ташкилотҳои байналмилалии  террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ, оид ба таъмини бехатарии  қубургузарҳои нефтӣ ва газии фаромарзӣ, дар бораи таъсиси гурӯҳи озмоишии аъзои   салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ  оид ба масъалаи мутобиқкунонии муборизаи муштараки зиддиҳуқуқии амалиёти  ташкилотҳо ва гурӯҳҳои зиддитеррористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки  ба амнияти давлатҳои аъзои СҲШ  хатар эҷод мекунанд, тасдиқ гардиданд.
        Ҳамчунин нақшаи  чорабиниҳо ва низомномаи кори гурӯҳи муштараки  озмоишии аъзои   салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ   ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҷаласаи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъсиргузорӣ, огоҳнамоӣ ва пешгирии истифодаи  шабакаи Интернет бо мақсади  террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ барои солҳои 2015-2016  таҳия гардид.
    Ҷонибҳо ҷиҳати  пайвастгшавии Кумитаи иҷроияи ҷаласаи Шӯрои минтақавии сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай  ба сегменти  иттилооти кушодаи  Бонки байналмилалӣ дар робита ба  амалиёти  зиддитерористӣ ба ҳам омаданд.
        Фаъолияти  Кумитаи иҷроияи  сохтори минтақавии зиддитеррористии  Созмони ҳамкории Шанхай ба тасвиб расида, нақшаи  кори  Кумитаи иҷроия ва  коршиносони хадамоти сарҳадии мақомоти дахлдори  давлатҳои аъзои СҲШ  барои соли  2015 тасдиқ карда шуд.
Барои саҳми арзанда дар рушди фаъолияти Кумитаи иҷроияи  сохтори минтақавии зиддитерористии  Созмони ҳамкории Шанхай ва тақвияти ҳамкориҳои сохторҳои дахлдори кишварҳои узви ин созмон  як зумра кормандони  ниҳодҳои марбута аз давлатҳои аъзо ва Кумитаи иҷроияи ин созмон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
       Раёсати Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии  Созмони ҳамкории Шанхай аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузашт.
Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии ин  сохтор  моҳи марти соли оянда дар шаҳри Тошканд гузаронида шавад.
  Ҷаласаи Шӯро дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Сентябрь 19, 2014 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд