Ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия “Дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар» мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Анвар Бобоев бо раиси ташкилоти ҷамъиятии шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Русия Шароф Азимов баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзии хадамот Анвар Бобоев дар бораи бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфта, аз ҷумла масъалаҳои хизматрасониҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳоро таъкид намуд.
Шариф Азимов бобати кушодани филиали ҶСК “Фонди дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон”-и шаҳри Толятти дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сухан гуфт. Ў тасмим гирифтааст беш аз 300 нафарро дар ин шаҳрҳо бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






