Ҷалби занон ба ҳунарҳои дастӣ дар Суғд
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», қарорҳои раиси вилоят оид ба тасдиқи барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи занон, масъалаҳои ҳунаромӯзии занону духтарон, бахусус ҳунарҳои қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз ҷумла зудбоварии занону духтарон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бемориҳои нашъамандӣ, ВИЧ/СПИД, худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ба ҷиноят даст задани занону духтарон, никоҳи хешу таборӣ, пешгирӣ намудани пӯшидани либоси ба миллат ва мардуми мо бегона дар байни ҷавонзанону духтарон, захира намудани маводи хӯрокӣ барои ду сол дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гурӯҳи доимоамалкунанда таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои сомонаи хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ба гурӯҳҳои номбурда занони фаъол, соҳибтаҷрибаву рӯзгордида ва гурӯҳҳои мушоҳидони маҳаллаҳои номбурда ҷалб шудаанд.
Аъзои гурӯҳҳои номбурда дирӯз дар маҳаллаҳои Деҳмой, Қазноқ ва Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов байни занони хонашин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ҳамчунин вохӯрии мазкур дар хоҷагии деҳқонии “Исмоилота” бо иштироки зиёда аз 20 нафар зан ва дар хоҷагии деҳқонии “Роғун”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки зиёда аз 32 нафар занону духтарон гузаронида шуда, оид ба масъалаҳои умдаи ҷомеа суҳбат доир шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






