Ҷамъбасти мусобиқа оид ба бокс
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муcобиқаи кушод оид ба бокс, ки бахшида ба 100 — солагии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ — Ҳодӣ Кенҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид.
Мусобиқаи мазкур аз 25 то 28-уми сентябр дар варзишгоҳи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид, ки дар он наврасони 15-16- сола аз рӯйи 13 вазн дар ҳайати 13 даста: 10 даста аз шаҳру навоҳии вилоят, 1 даста аз шаҳри Душанбе, 1 даста аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 1 даста аз вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон рақобат намуданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо гирифтани 4 медали тилло ҷойи аввал насиби муштзанони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида, ҷойи дуюмро бо 3 медали тилло варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҷойи сеюмро бо 2 медали тилло муштзанони шаҳри Истаравшан соҳиб шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






