Ҷамъбасти озмуни “Навқаламони наврас”
Душанбе, 06.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти аъзои толори кӯдакону наврасон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо адибони шинохта Ғанӣ Ҷӯразода ва Алӣ Бобоҷон баргузор гардид. Тавре ки аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ҳамин мулоқот озмуни “Навқаламони наврас”, ки аз 1 август то 1 сентябр давом дошт, ҷамъбаст гардид.Дар ҷамъомад муовини директори китобхона Шариф Комилзода ғолибони озмунро табрик намуда, туҳфаҳои хотирмон ва Ифтихорномаи Китобхонаи миллиро супорид. Дар озмун ҷои аввал ба Гулафзои Умед, хонандаи синфи 3, ҷои дуюм ба Бузургмеҳри Ҳаким, хонандаи синфи 9 ва ҷои сеюм ба Кароматуллои Эмомалӣ, хонандаи синфи 10 сазовор дониста шуд. Сипас, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ Ғанӣ Ҷӯразода ва Алӣ Бобоҷон аз эҷодиёти хеш барои кӯдакон қиссаҳои ҷолиб қироат намуданд. Дар чорабинӣ, ҳамзамон суруд ва рақсҳои ҷолиб низ аз ҷониби кӯдакону наврасон намоиш дода шуда, дар охири чорабинӣ ба кӯдакони фаъоли ин толор туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Ғанӣ Ҷӯразода китоби тозанашри худро бо номи “Панди бобо” бо соядасташ ба иштирокдорони маҳфил тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






