Ҷамъият-ҳимоятгари ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон

Сентябрь 30, 2014 09:59

Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо ҳайати тоҷикони бумии Покистон бо сарварии Соҳибзода Афзал Тоҷик дар шаҳри Исломобод вохӯрӣ намуд.
Соҳибзода Афзал Тоҷик изҳор намуд, ки дар Покистон ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷик қавми иттиҳад парти Пакистан» амал менамояд, ки он асосан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аққалиятҳои тоҷикон, нигаҳ доштани ҳуввияти миллии тоҷикони Покистон, ташвиқи фарҳанг, забон ва мероси хаттии гузаштагони ниёгон ва инъикоси ҳаёти имрӯзаи тоҷикони Покистон машғул аст.
Бо ин мақсад дар тӯли 24 сол дар Покистон ҳафтаномае бо номи «Тоҷик» нашр мешавад, ки  дар он маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти тоҷикони Покистон инъикос мегардад.
Тоҷикони Покистон ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон-«Пайванд» баҳои баланд доданд.
Дар хотима масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳои  тоҷикони Покистон бо мақсади фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ муҳокима гардиданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд.
 

Сентябрь 30, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд