Ҷамъомади омӯзишӣ бахшида ба Сарқонуни ҶТ
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 29 август дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов сухан намуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур ноиби ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.Нуриддинов ва А. Абдулхолиқов иштирок намуданд.
Баъд аз анҷоми маърўза байни шунавандагон саволу ҷавоб оид ба таърих, нақш ва мақоми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Бояд гуфт, ки чунин семинарҳои омўзишӣ дар ҳамаи сохторҳои вазорат бахшида ба Рўзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






