Ҷашни Истиқлол дар Хатлонзамин
Ховалинг, 10.09.2014 (АМИТ «Ховар» , Сулаймони Хол).- Ҷашни 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо тантана таҷлил намуданд.
Сокинони ноҳияи Ховалинг бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ин ҷашни фархундаро таҷлил намуданд. Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар майдони варзишии ноҳия намоиши ҳунарҳои миллӣ ва дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуд, ки дар он ҳунармандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати хоҷагиҳои ноҳия, самараи заҳмат, намунаи дастовард ва эҳёи ҳунарҳои миллиро ба маъраз гузоштанд. Бо шарофати истиқлолият ин ноҳияи кӯҳистони вилояти Хатлон бо вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, қомат афрохтани иншооти нав ва таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ сол аз сол ободу зебо мегардад. Дар давоми 8 моҳи соли равон дар ноҳия бо дастгирии ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи 63 милиону 348 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардид, ки аксари иншоот ба соҳаи маориф тааллуқ дорад. Дар ин давра ҳамчунин дар назди корхонаи «Тиллои тоҷик» қитъаи 3- юм бо ҷалби 110 нафар коргар, корхонаи заршӯии «Исроил — 2011» бо таъмини 70 ҷои нави корӣ, корхонаи заршӯии «Гули Мурод» бо ҷалби 60 нафар ба фаъолият оғоз намуд, ки дар корхонаҳои мазкур дар маҷмӯъ 240 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.
Дар шаҳри Кӯлоб низ чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ ва фароғатӣ доир гардиданд. Дар ҳамин замина дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бо ибтикори ҳафтавори «Пайк» конфронс таҳти унвони «Пайки истиқлол» баргузор шуд, ки дар он аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ёдрас шуда, нақши Истиқлолияти давлатиро дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, хусусан матбуот назаррас арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






