Ҷашни истиқлолият ва мукофотҳо муборак!
Душанбе, 06.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба муносибати таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук вохӯрии ҳайати шахсӣ бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода доир гардид. Дар ҷаласа Муҳаммадӣ Сафолзода кормандони гумрукро бо рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, доир ба дастовардҳои истиқлолияти кишвар сухан гуфт. Дар ҷаласа ёрдамчии Президент оид ба масъалҳои кадрҳо Абдуҷаббор Азизӣ ва роҳбарияти Хадамот ба як гуруҳ кормандони Хадамот мукофотҳои давлатӣ аз номи Президенти кишвар тақдим намуданд, аз ҷумла ба полковники Хадамоти гумрук Саидалӣ Ҳомидов, Сардори раёсати мухофизати гумрукӣ ва таъминоти низом Зайнулло Назаров ордени «Шараф», дараҷаи 2, муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ Баҳром Исматуллоев, медали «Хизмати шоиста» ва Ҳалимов Эраҷ — сардори РМГ дар вилояти Хатлон Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Инчунин ба дигар кормандон Ифтихорнома, Раҳматнома ва туҳфаҳои пулии Хадамот тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






