Ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Покистон

Сентябрь 25, 2014 10:14

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-22 сентябри соли 2014 дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Исломобод чорабинии расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар чорабинӣ вазири федеролии иттилоот ва радиошунавонӣ, сенатор Парвиз Рашид, инчунин намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, парлумон, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Покистон,  доираҳои тиҷоратӣ ва илмиву ҷамъиятии кишвари иқомат, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Исломобод,  намояндагони хонадони шоири форсизабон Аллома Муҳаммад Иқбол ва аъзои ҷамъияти тоҷикони муқими музофотҳои мухталифи Покистон ширкат варзиданд.
Дар арафаи чорабинӣ дар васоити ахбори оммаи покистонӣ мавод оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ба нашр расиданд.
Дар доираи чорабинӣ   намоиши расмҳо оид ба мавзуъ ташкил  шуда, китобу нашрияҳо дар бораи Тоҷикистон, фаъолияти байналмилалии он ва мавод бахшида ба ҳамкории Тоҷикистону Покистон пешниҳод гардиданд. 
Инчунин филми видеоӣ роҷеъ ба саммити СҲШ, ки дар таърихи 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе барпо гашт, намоиш дода шуд.

Сентябрь 25, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд