Ҷавонӣ- айёми муҳими омӯзиш
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон аз даврони донишҷӯӣ ҳарф зада, ин айёмро на танҳо марҳалаи зебои ҷавонӣ, балки айёми муҳими омӯзиш, аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинӣ тавсиф намуд.
«Таҳсил намудан кори хеле душвор ва заҳматталаб аст. Он на танҳо аз ҳар як фарди донишҷӯ, балки аз устодону волидайн низ сабру таҳаммул, серталабӣ ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд»-зирк намуд Президенти кишвар.
Сарвари Давлат ба ҳамаи донишҷӯён муроҷиат намуд, ки ин давраро самаранок истифода бурда, тамоми неруи худро барои аз бар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созанд.
«Фаромӯш насозед, ки ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба донишандӯзии имрӯзаи шумо вобастагӣ дорад»,- иброз намуд Э. Раҳмон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






