30 млн. $ сармоягузории «China Gold» ба иқтисодиёти Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2014 09:07

 
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми 13 сентябр  дар шаҳри Душанбе маросими имзои  Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи «China Gold» доир гардид.
Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкориро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷиксон Қодири Қосим ва муовини директори генералии Корпоратсияи «China Gold» Сун Лиэнжонг ба имзо расониданд.
Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим пас аз имзои созишнома зикр намуд, ки туфайли саъю кӯшишҳо ва азму иродаи сиёсии сарварони давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои Тоҷикистону Чин пайваста таҳким меёбанд ва ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт  тамоюли рушду густариши доимӣ доранд. Барои рушди минбаъдаи ин робитаҳо имкониятҳои иловагӣ мавҷуданд. Дар айни ҳол сармоягузорӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба соҳаҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки он барои ҳарду тараф бисёр ҳам муфид аст, пайваста ривоҷ меёбад.
Лозим ба зикр аст, ки Корпоратсияи «China Gold» бузургтарин ташкилоти давлатӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди тилло дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб рафта, дар асоси фазои мусоиди сармоягузории кишвар тасмим гирифтааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи қаъри замин, коркарди маъданҳои кўҳӣ ва саноат сармоягузорӣ намояд. 
Дар марҳилаи аввали ҳамкорӣ ташкилоти мазкур ҳавасмандии худро оид ба ворид намудани 30 миллион доллари ИМА сармояи мустақим барои сохтмони Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истеҳсоли маводҳои тарканда дар минтақаи ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст. 
Татбиқи созишномаи мазкур баҳри ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, техника ва технологияи ҷадид ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард
 

Сентябрь 15, 2014 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд