3000- солагии Ҳисор- мавзӯи «Чароғи ҳидоят»
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили навбатии тарбиявию маърифатии «Чароғи ҳидоят» дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи донишҷӯён баргузор гардид. Ин навбат маҳфил ба таҷлили 3000- солагии Ҳисори бостонӣ бахшида шуд.
Профессори кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики факултаи таърихи донишгоҳ Саид Марофиев роҷеъ ба ҷашни 3000 -солагии Ҳисори шодмон таҳти унвони «Аҳамияти тарбиявии ҷойҳои муқаддаси таърихӣ ва фарҳангӣ» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки мақсад аз ҷашни 3000-солагии Ҳисор эҳёи ёдгориҳои қадимаи давлатдории ин водӣ мебошад, ки замоне аз Шаҳрисабз оғоз гардида, ҳудуди он то Хоҷа Обигарм тӯл мекашад. Маънои худи Ҳисор қалъаи мудофиа буда, аз он ҷо бар зидди аҷнабиён мубориза мебаранд. Имрӯз дар дохили қалъаи Ҳисор осорҳои хеле қадимаи асри биринҷ ва оҳан ёфт шудаанд.
Мудири кафедраи географияи табиии донишгоҳ дотсент Дилором Саидова дар мавзӯи «Ҳисори бостон: чанд андеша аз назари олими табиатшинос» сухан гуфта, лаҳзаҳоро аз таҷрибаомӯзии комплексӣ, ки 17 нафар донишҷӯёни курси 3-юми донишгоҳ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ба шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ, Душанбе, Ваҳдат, Норак рафта буданд, нақл кард. Зикр шуд, ки бори аввал дар таърихи Истиқлолияти кишвар донишҷӯён бо дастгирии Раёсати донишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки ин таҷрибаомӯзиро гузаронанд.
Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






