4 нафар донишҷӯи ДДХ-гирандаи стипендияи президентӣ
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар донишҷӯёни макотиби олии мамлакат ба 4 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2014-2015 стипендияи номии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Андозаи ин идрорпулӣ дар як моҳ дар ҳаҷми 630 сомонӣ муайян гардидааст, ки дар як вақт дода мешавад.
Тавре ки сардори Раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дод, инҳо донишҷӯён Тахмина Зоҳидова, донишҷӯи курси 3-юми факултаи физикаю техника, Мафтуна Салимова, донишҷӯи курси 3-юми факултаи математика, Зарринахон Юсуфҷонова, донишҷӯи курси 3-юми факултаи филология ва Меҳрона Зиёева, донишҷӯи курси 3-юми факултаи филологияи тоҷик мебошанд, ки аз миёни 10 нафар донишҷӯе, ки дар озмун иштирок кардаанд, интихоб шуданд,
Ин манбаъ зикр намуд, ки талаботи комиссияи озмун нисбат ба солҳои гузашта хеле ҷиддӣ буда, ба озмун танҳо он нафароне, ки пурра баҳои аъло дошта, соҳиби якчанд мақолаи илмӣ буда, иштирокчии олимпиадаҳо ва фаъоли корҳои тарбиявию фарҳангӣ ва ҷамъиятианд, роҳ дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






