500 хабарнигор Саммити СҲШ-ро инъикос менамояд
Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 500 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ҷараёни баргузории ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки рӯзҳои 11 ва 12 -уми сентябр дар Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, инъикос менамоянд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин теъдоди рӯзноманигорон 370 нафарашон хабарнигорони хориҷӣ буда, 198 нафари дигар рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаю намояндагӣ доранд, ба шумор мераванд.
Инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос намудани чорабиниҳои марбут ба Саммити сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ошёнаи дуюми бинои Китобхонаи миллӣ маркази матбуот роҳандозӣ гардидааст. Маркази мазкур бо тамоми техникаю таҷҳизоти муосир, аз қабили 160 компютер, интернети суръаташ баланд, 11 адад дастгоҳи чопӣ (принтер) ва нусхабардорӣ, телефону факс ва дигар воситаҳои марбут ба алоқа муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин 6 монитор дар толори маркази матбуотӣ насб шудааст, ки тавассути онҳо ҷараёни баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба таври мустақим пахш мегардад. Пахши мустақим ва тамоми ин шароитҳои мусоиди корӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки аз ҷараёни баргузории ин чорабинии муҳими сатҳи баланди сиёсӣ хабару гузоришҳоро ба таври оҷилӣ ва боэътимод таҳия ва тавассути шабакаҳои интернет, радиою телевизион ва хабаргузориҳо пахш созанд.
Маркази матбуотӣ муддати се рӯз: 10 -11 ва 12 сенябр аз соати 8:00 то 22:00 барои хабарнигорони ватанию хориҷие, ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил, ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, фаъолият менамояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






