500 хабарнигор Саммити СҲШ-ро инъикос менамояд

Сентябрь 8, 2014 16:26

 
 Душанбе, 8.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 500 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ  ҷараёни баргузории ҷаласаи  Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки  рӯзҳои 11 ва 12 -уми сентябр дар Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, инъикос менамоянд.
         Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ин теъдоди рӯзноманигорон  370 нафарашон  хабарнигорони хориҷӣ буда, 198 нафари дигар рӯзноманигорони ватанӣ  ва хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаю намояндагӣ доранд, ба шумор мераванд. 
        Инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос намудани  чорабиниҳои марбут ба Саммити сарони кишварҳои  Созмони Ҳамкории Шанхай дар ошёнаи дуюми бинои Китобхонаи миллӣ маркази матбуот роҳандозӣ гардидааст. Маркази мазкур бо тамоми техникаю таҷҳизоти  муосир, аз қабили 160 компютер, интернети суръаташ баланд, 11 адад дастгоҳи чопӣ (принтер) ва нусхабардорӣ, телефону факс ва дигар воситаҳои марбут ба алоқа муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин 6 монитор дар толори маркази матбуотӣ насб шудааст, ки тавассути онҳо ҷараёни баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба таври мустақим пахш мегардад. Пахши мустақим ва тамоми ин шароитҳои мусоиди корӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ имкон медиҳад, ки  аз ҷараёни баргузории ин чорабинии  муҳими сатҳи баланди сиёсӣ хабару гузоришҳоро ба таври оҷилӣ ва боэътимод таҳия ва тавассути шабакаҳои интернет,  радиою телевизион ва хабаргузориҳо пахш созанд.
     Маркази матбуотӣ муддати се рӯз: 10 -11 ва 12 сенябр аз соати  8:00 то 22:00 барои хабарнигорони ватанию хориҷие, ки дар Раёсати  иттилоот, матбуот, таҳлил,  ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон сабти ном шудаанд, фаъолият менамояд.
 

Сентябрь 8, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!