9 санади ҳамкорӣ пайкест аз дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон

Сентябрь 10, 2014 16:07

            Душанбе, 10.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи сафари расмии Ҳасани Рӯҳонӣ-Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 сентябр дар Душанбе  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии исломии Эрон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
             Аз 9 санади ҳамкории ба имзо расонида шуда, яктоаш Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният буда, инчунин як Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон мебошад.
           Ҳамчунин байни ду кишвар 7  Ёддошти тафоҳум- Ёддошти тафоҳум  миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба истеҳсол, муомилоти ғайриқонунӣ ва истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо,  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуданд.

Сентябрь 10, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад