А. Ҷомӣ: «Ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард»

Сентябрь 30, 2014 16:43

Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо бахшида ба соли бузургдошти адиб, олим ва ориф Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуда истодаанд.
Чунин як чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат баргузор гардид. Барномаи ин чорабинӣ  аз маърӯзаҳои илмӣ, саҳначаҳо аз ҳаёту осори Мавлоно Ҷомӣ ва қироати ашъори пандомӯзи шоир иборат буд.
Дар мавзӯҳои “Афкори панду ахлоқии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Афкори  фалсафии Ҷомӣ”, “Ҷомӣ- тарбиятгар ва пандомӯзи бузург”   устодони донишкадаи мазкур маърӯза намуданд. 
Саҳначаи “Қозизода ва Мавлоно Ҷомӣ” ва қироати андарзномаҳои шоир аз ҷониби донишҷӯёни соли аввал ниҳоят ҷолибу гуворо буд.
Иҷрои сурудҳо аз ашъори Ҷомӣ аз ҷониби донишҷӯи курси 3-юм   Р. Шехимов   зиннатбахши маҳфил буд.
Боиси тазаккур аст, ки Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. 
Чунончи, шоир дар қасидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъқид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард , ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд.
 
 

Сентябрь 30, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!