Абдураҳмони Ҷомӣ беҳтарин ҳаками замонаш буд
Душанбе, 30.09.201. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- 4 октябр дар баробари таҷлили Рӯзи забони давлатӣ 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ — шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу-тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ ба мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ миқдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд.
Созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт
«Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни мо дар асри понздаҳум мебошад.Шуҳрати ӯ ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Сағир, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд», — баён дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар.
Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди ҳокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шуҳрат ва эътибору обрӯи зиёд дошт.
Шоиру нависандагони маъруф ва алоқамандони шеъру шоирӣ аз саросари Мовароуннаҳру Туркистон, Ироқу Озарбойҷон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Абдураҳмони Ҷомӣ барои доварӣ мефиристоданд ва аз санҷиши ӯ мегузарониданд, ба суҳбаташ мешитофтанд ва аз ӯ сабақ мегирифтанд.
Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд.
«Дар байни аҳли илму адаб, ҳамчунин дар назди ҳокимони сарзамини худ ва қаламравҳои дигар чунин шуҳрати беандоза пайдо кардан дар таърихи ҷомеаи башарӣ ба кам касон муяссар гардидааст»,-таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






