Афғонистон — Осиёи Миёна: тиҷорат ва муҳоҷират

Сентябрь 26, 2014 15:54

Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Барномаи идораи сарҳади шимоли Афғонистон (BOMNAF), ки сармоягузораш Иттиҳоди Аврупо аст, 25-26 сентябри соли 2014 дар Душанбе семинар баргузор намуд, ки дар ҷараёни он мавзӯъҳои зери унвони фаъолиятҳои «Қалби Осиё”, ки марбут ба амният, тиҷорат ва муҳоҷирати минтақавӣ дар байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш аз Осиёи Миёна — Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мебошанд, муҳокима шуданд. 
Дар чорабинии мазкур беш аз 120 намоянда аз мақомоти сарҳадӣ ва хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, намояндаҳои вазоратхонаҳои ҳарду кишвар, ҳамчунин намояндагони кишварҳои сармоягузор аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Кобул, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ки дар бахшҳои тиҷорат ва муҳоҷират, сарҳадот ва хадамоти гумрук фаъолият менамоянд, ширкат варзиданд. 
Мақсади баргузории чорабинии мазкур- ин ташвиқ додан ва кумак намудан дар тақвияти иқтидор ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва алоқа дар байни ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояаш — Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар бахши идораи байналмилалии сарҳадот мебошад. Диққати асосӣ ба масоили ҳамоҳангсозӣ, тамосгирӣ ва ҳамкорӣ дар байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна бахшида шуд. 
Ҷаласаи мазкурро Низомиддин Зоҳидӣ — муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сисилиа Коста — ҳамоҳангсози масоили кумаки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Александр Зуев — Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, Иштван Нитрай, вакили кордори Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон роҳбарӣ намуданд. 
Низомиддин Зоҳидӣ зикр намуд, ки бинобар сабаби он ки дар ҷаҳон ба тиҷорат ва муҳоҷират аҳаммияти бештар дода мешавад, дар бахши тиҷорат дар байни кишварҳои ҳамсоя монеа набояд вуҷуд дошта бошад. 
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ташкили чунин ҷаласаҳо аҳамияти махсус дорад ва дар ҷараёни баҳсу мубоҳисаҳо роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ дар байни ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Миёна ошкор хоҳанд гардид. 
Ҳамкорӣ ва машваратҳои мақомоти қудратӣ дар бахши сарҳадот ин қисмати муҳим дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Чунин ҷаласаҳо тавассути Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешаванд ва мақомоти қудратии ҳарду кишвар нақша доранд, ки дар оянда мунтазам чунин ҷаласаҳоро баргузор намоянд, то ки масоили ба ҳарду ҷониб муҳимро баррасӣ намоянд ва мушкилоти пайдошударо ба таври фаврӣ ҳал намоянд. 
Мақсади асосии кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон- ин тақвият додани ҳамкории минтақавӣ ва ба кишвари Афғонистон пешкаш кардани имконият барои амалӣ сохтани робитаи тиҷорати амн бо кишварҳои ҳамсояаш, махсусан дар Осиёи Миёна аст. Барномаи BOMNAF ин як қисми калони Барномаи минтақавии ҳамкорӣ дар бахши кумакрасонӣ аст, ки байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мувофиқа гардидааст ва он дигар барномаҳоро дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Тоҷикистон ва Осиёи Миёна такмил медиҳад.
 
 
 

Сентябрь 26, 2014 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд