Афзоиши пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар ҳашт моҳи соли 2014 пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1211,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 248,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре ки аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо дар ҳашт моҳи соли 2014 ба маблағи 5,8 млн.сомонӣ гузаронида шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра ҷиҳати маблағгузории самтҳои сиёсати шуғл ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7,6 млн сомонӣ гузаронида шуд.
Дар ин давра пардохти нафақаи 266 ҳазору 725 нафар ё 43,3 фоизи теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 65,8 млн.сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки то охири соли равон пардохти нафақаҳои боз 109 ҳазору 841 нафар нафақагирони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Файзобод, Айнӣ, Фархор, Шуғнон ва Муъминобод бо талаботи моҳонаи 11,6 млн.сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда мешаванд.
Бинобар ба иттилои манбаъ шумораи умумии нафақагирон то ҳолати 1 сентябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 616 ҳазору 528 нафарро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 13017 нафар афзоиш ёфтааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 228,46 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,92 сомонӣ зиёд мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






