Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рўзи ободонӣ
Душанбе, 26.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Пагоҳ, 27-уми сентябри соли равон дар Боғи Ғалабаи пойтхат дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон оид ба 100 рўзи ободонӣ- «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумхурии Тоҷикистон эълон шудааст, шанбегии ҷавонони шаҳри Душанбе доир мегардад.
Бино ба иттилои мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, дар назар аст дар чорабинии мазкур ҷавонон ва фаъолони пойтахт иштирок намоянд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки иштирок дар ин чорабинӣ барои ҳамаи ҷавонони фаъол озод аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






