Амалиёти «Кӯдакон» дар роҳҳои Хатлон
Қӯрғонтеппа, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Аз рӯи натиҷаи амалиёти «Кӯдакон», ки Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон роҳандозӣ намуд, дар роҳҳои вилоят беш аз 6 ҳазор ҳодисаи риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт ба қайд гирифта шуд.
Тавре ки нозири калони гурӯҳи ташвиқу тарғиби Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов хабар дод, дар ҷараёни амалиёт 69 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ идора кардани нақлиёти автомобилӣ, 322 ҳодисаи бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдлор идора кардани нақлиёт ва 1 ҳазору 620 ҳодисаи аз ҳад баланд бардоштани суръати ҳаракати мошинҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар ин муддат ҳамчунин аз ҷониби пиёдагардҳо риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти «Кӯдакон» дар роҳҳои вилояти Хатлон аз 28 август то 9 сентябр сурат гирифт.
Тарҷумон – Шарифзода М.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






