Асбобҳои мусиқии босифат дар пойтахт
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Соли ҷорӣ беш аз 600 адад асбоби сохтаи Корхонаи воҳиди давлатии илмию истеҳсолии «Созтарош» ба дасти мизоҷон расид. Маҳсули дастони устоҳои гулдасти корхонаи мазкур, аз қабили рубоб, дутор, думбра, ғижжак, таблак, сетор, най ва ғайра, ки дар маҷмӯъ 22 ададро ташкил медиҳанд, на танҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ, балки дар байни аҳли ҷомеа талабгорони зиёд дорад.
Корхонаи «Созтарош» аз солҳои 50-уми асри XX ба фаъолият оғоз кард ва аз соли 1991 тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сарварии корхонаро устои чирадаст Дона Зиёев бар уҳда дошта, ҳамроҳи шогирдонаш Мирзошариф Нуров, Маҳмадсаид Зиёев, Исматулло Бураков, Сафаралӣ Давлатов, Амон Ёров ва дигарон анъанаи неки ниёконро бо сарбаландӣ идома медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






