«Атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» дар Конибодом
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Чанд муддат аст, ки озмуни «Атлас ва адраси Хуҷанд — 2014» дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷараён дорад. Чанде қабл озмуни мазкур дар шаҳри Конибодом баргузор шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар озмун тарроҳони шаҳр бо намоиши 3 намуди либосҳо — либосҳои кӯдакона, рӯзмарра ва идона иштирок намуданд.
Шоҳҷоиза ва туҳфаи арзанда- мошинаи ҷомашӯӣ насиби тарроҳи ҷавон аз ҷамоати деҳоти Пӯлотон Хуршед Ҷӯраев гардид. Бо якчанд бартариҳо бо дӯхтани либосҳои шинаму зебои атлас дӯзанда Мукаррама Акбарова. корманди шуъбаи маориф сазовори дипломи дараҷаи 2-юм гардид. Ҷои 3-юм ба дӯзанда аз ҷамоати деҳоти Ғ.Ортиқов Наима Тошпӯлотова дода шуд. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд.
Гуфта мешавад, ки намоиши ҳунарҳои дӯзандагии дастӣ, ки аз ҷониби ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом ва ташкилоту муассисаҳо ташкил шуд, низ ҷамъбаст гардида, бонувони ҳунарманди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ҷои аввал, ҷамоати деҳоти Пӯлотон ҷои 2-юмро гирифта ва ҷамоати деҳоти ба номи Э. Шарипов сазовори ҷои 3-юм гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






