Аттестатфурӯш дастгир шуд

Сентябрь 2, 2014 14:35

Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Ойшамо Шодавлатова бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.Тавре ки агентии мазкур иттилоъ медиҳад, номбурда ба фурӯши аттестати синфҳои 11 машғул буда, барои тайёр намудани аттестати маълумоти миёнаи пурра ба писари шаҳрванд Саломов бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 750 доллари амрикоӣ талаб намудааст.Тибқи иттилои сарчашма О. Шодавлатова ҳангоми гирифтани маблағи мазкур дастгир гардидааст.

Сентябрь 2, 2014 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд