Ба истифода супоридани терминали нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Сентябрь 3, 2014 11:43

Душанбе, 3.09.2013 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон терминали нави фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ифтитоҳ гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳудуди фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ташриф оварда, бо буридани ленати рамзӣ терминали нави онро, ки бо тарҳи муосир ва хеле зебои муҳандисию меъморӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизот муҷаҳҳаз шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Ба кор даромадани чунин иншооти муосири зербиноӣ дар соҳаи хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ туҳфаи пурарзиш ба истиқболи солгарди 90-уми таъсиси авиатсияи граждании тоҷик номида шуд.Зимни шиносоӣ бо шароити кории терминали нав, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар асоси қарордод миёни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ва миёни ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ширкати фаронсавии «Винчи Констраншин Гранд Проҷекст — VINCI» дар муддати 20 моҳ сохта ва муҷаҳҳаз карда шуда, ҳоло корҳои охирини васли таҷҳизот ва ҳамоҳангсозии барномаҳои электронии корӣ бо шабакаҳои ҷаҳонӣ идома дорад.Корҳои сохтмон ва таҷҳизи терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе бо харҷи 280 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст, ки наздик ба нисфи он аз ҷониби худи фурӯдгоҳ пардохт шуда, боқӣ гранти давлати Фаронса аст.Дар давоми сохтмон 200 кас ба кор ҷалб шуда буд, ки 110 нафари он коргарони маҳаллӣ мебошанд.Тавре аён гардид, бинои терминали нави фурӯдгоҳи Душанбе, ки аз 2 ошёна ва масоҳати умумии 11 000 м2 иборат аст, имкон дорад дар як соат то ба 500 мусофир хизмат расонад. Дар терминал шароити хуби корӣ бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ, ки ҳамагӣ бо шабакаҳои махсуси дохилӣ ва ҷаҳонӣ пайваст мебошанд, барои тамоми хадамоти хизматрасон ва назоратӣ, аз ҷумла бақайдгирии мусофирон ва бори онҳо, назорати гумрукӣ, назорати сарҳадӣ, санҷиши фитосанитарӣ ва хизматрасонии консулӣ муҳайё гардидааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми кормандони фурӯдгоҳ, аз ҷумла хадамоти назоратию хизматрасон бояд на кам се забони хориҷӣ, пеш аз ҳама русию англисиро донанд ва одобу ахлоқи баланд дошта бошанд.Ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти фурӯдгоҳ дастур дода шуд, ки нуқтаҳои хизматрасонии консулӣ, ки барои додани раводид ба шаҳрвандони хориҷӣ дар худи фурӯдгоҳ пешбинӣ шудааст, зиёд карда шавад.Дар идомаи шиносоӣ зикр гардид, ки барои хизматрасонии зуду босифат ин бино дорои 18 нуқтаи бақайдгирии мусофирон, 2 эскалатор, 5 лифт, 3 тасмаи даврзананда барои қабули бағоҷ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.Дар терминал ду зинапояи телескопӣ мавҷуд, ки имкон доранд дар як вақт ба чор ҳавопаймо хизмат расонанд. Шумораи солонаи интиқоли мусофирон 1 млн. 200 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.Тасмим гирифта шуд, ки оянда дар паҳлӯи ин бино боз як терминали наву муосир сохта шавад.Тавре зикр гардид, фурӯдгоҳи Душанбе барои кор дар терминали нав мутахассисонро омода сохтааст. Давоми сол коргарони фурӯдгоҳ аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуда нозукиҳои касб ва истифодаи таҷҳизот ва техникаҳои мавҷударо азбар кардаанд.Ба истиқболи ҷашни 90-солагии Авиатсияи граждании тоҷик, ки ба арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омадааст, чанде аз кормандони хизматнишондодаи ин соҳа бо ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати Шоиста, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.Ҳамчунин ба роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои хориҷие, ки дар сохтмон ва ҷиҳозонидани терминали нави фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аҳли толорро бо 90-солагии Авиатсияи граждании тоҷик, ифтитоҳи терминали нави фурӯдгоҳ ва солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки баробари ба кор даромадани терминали нав сатҳи хизматрасонӣ баланд шуда, сифати он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар мешавад ва таъмини бехатарии мусофирон боло рафта, имконияти бемаҳдуди истифодаи хизматрасониҳо фароҳам оварда мешавад.

Сентябрь 3, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд