Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Афғонистон
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси ҷумҳури мунтахаби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барқияи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷалолатмаоб,
Иҷозат фармоед интихоби Шуморо ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсиси давлати ваҳдати миллиро ба Ҷалолатмаоби Шумо ва кулли мардуми дӯсти Афғонистон самимона табрик намоям.
Давлати ваҳдати миллӣ ниёзи ҳаётии кишвар ва мардуми бародари Афғонистон аст. Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми нерӯҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем.
Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ҷалолатмаоби Шумо ва Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад.
Таманнои онро дорам, ки муносибатҳои таърихан дӯстонаи ду кишвари ҳамнажоду ҳамзабон ва ҳамфарҳангу ҳамдини мо густариши матлуб ёбанд ва ҳамкории судманди мо бо сайъю талоши муштарак ба сатҳи сифатан нав ворид гардад.
Бо истифода аз ин имкони нек ба Ҷалолатмаоби Шумо сиҳати комил ва муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Афғонистон амният, субот ва хушрӯзӣ таманно дорам”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






