Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар»». — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бародари гиромӣ, Аълоҳазрат
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Шуморо, Аълоҳазрат, ба муносибати фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи иттиҳоди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ самимона табрику муборакбод намоям.
Бо истифода аз ин муносибати нек мехоҳам муҷаддадан аҳамияти муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳоямон ва халқҳои ба ҳам бародарамонро таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкории бештар бо Шумо баҳри таҳким ва густариши ин муносибатҳо, ки ормонҳои муштараки моро барои расидан ба пешрафту шукуфоии минбаъда таҷассум мекунанд, иброз намоям.
Ба Худованди мутаол дуогӯям, ки ба Аълоҳазрат, неъмати сиҳату офияти комилро арзонӣ дорад, Шуморо дар паноҳи Худ нигоҳ дорад ва қадамҳоятонро дар анҷоми аъмоли нек ба нафъи мардуми Шоҳигарӣ ва тамоми Уммати мусулмон устувор гардонад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






