Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Ислом Каримов
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,
Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ман имконияти хуб медиҳад, то Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро бо ин санаи муҳим табрик намоям.
Барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.
Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд, мебошем.
Бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, мо ният дорем тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созем. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад.
Бо истифода аз ин имконият, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи муҳтарам, саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои навро ба манфиати таҳкими муносиботи дуҷонибаамон таманно намуда, ба мардуми дӯсти Ӯзбекистон-сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






