Барафрохтани Парчами Тоҷикистон дар Куриё
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар деҳаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин маросими ботантана нахуст раиси Деҳаи Бозиҳои XVII осиёӣ ҳайатҳои варзишии Тимори Шарқӣ, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Тайван, Тоҷикистонро хайра мақдам гуфта, барои ширкаташон дар ин чорабинии бузурги варзишӣ изҳори сипос намуд. Сипас парчамҳои давлатии ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон таҳти садои сурудҳои миллии кишварҳо барафрохта шуданд.
Ёдовар мешавем дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафараш зан аст, ширкат мекунад.
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд — бокс, дзюдо, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнбардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки тими мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик ба даст овардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






