Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА

Сентябрь 12, 2014 09:25

Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 10 сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси  ИМА мулоқоти Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Фарҳод Салим бо  Сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи штати Мэриленд) баргузор гардид. 
Ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА мубодилаи афкор намуданд. Ф.Салим ба Сенатор Б.Кардин оид ба баргузории нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ва аҳамияти он маълумот дод. 
Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм  баррасӣ шуданд.   
Сенатор Кардин дар навбати худ таъкид намуд, ки “Тоҷикистон дар мадди назари ИМА қарор дорад ва ҷониби амрикоӣ барои рушди ҳамкориҳо талош хоҳад кард”. Сенатор инчунин зарурати ҳамкориҳоро дар бахши ҳуқуқи инсон дар доираи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъкид намуд.

Сентябрь 12, 2014 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад