Баррасии ҳамкориҳои мутақобилаи донишгоҳҳо
Анқара, 6 сентябр (АМИТ «Ховар», Муким Малаев). Дар ҳафтаи равон дар арафаи иди дониш мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо Ректори Донишгохи “Тургут Узал” Абдулкадир Шенгу баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, мусоидат ба беҳтар намудани шароити зисти онҳо, ифтитоҳи намояндагии донишгоҳи мазкур дар Душанбе, табодули таҷрибаҳои пешрафта миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳар ду кишвар, кушодани беморхонаи донишгоҳи Тургут Узал дар Тоҷикистон ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиби сатҳи байналамиллалиро баррасӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Туркия ҳудуди 300 донишҷӯ дар риштаҳои мухталиф таҳсил менамоянд ва ин барои рушд ва таҳкими захоири инсонии кишвар яке аз нуктаҳои калидӣ ҳисобида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






