Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Бритониё дар самти саноат
Душанбе, 26.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирӯз, 25 сентябри соли равон вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндаи коршиносони департамент оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) Майкл Биддисон мулоқот кард.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати мазкур дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи саноати сабук, саноати маъдани кӯҳӣ ва агросаноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омўзиши тарафҳо қарор хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






