Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Чин дар самти коркарди алюминий
Анкара, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов 5 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо муовини раиси ширкати бонуфузи чинии NFC (China Nonferrous Metal Industrys Foreign Engeneering and construction Co. LTD) Куин Ҷунман мулоқот намуд. Тавре аз сафорат ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноати коркарди алюминий, бунёд ва аз навсозии корхонаҳои тавлиди маъданҳо ва ғайраро баррасӣ намуданд. Дар интиҳои вохӯрӣ намояндаи ширкати мазкур омодагии худро ҷиҳати сафар намудан ба Тоҷикистон барои аз наздик шинос шудан бо лоиҳаҳои сармоягузории кишвар омодагии худро баён намуд. Ширкати NFC, ки 31 сол пеш таъсиси ёфтааст, дар Чин яке за ширкатҳои пешрафта дар соҳаи саноати коркарди маъданҳои оҳанҳои ранга мебошад даврони мутамодӣ дар рӯйхати 200 шикартҳои бузургтарини ҷаҳон дар соҳаи тарҳрезӣ ва дар дар сархати 250 ширкатҳои памонкори (пудратчӣ) бузурги ҷаҳон маҳсуб мешавад. Дар тули фаолияти худ NFC дар даҳҳо кишварҳо лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намудааст, ки онҳо сохтмони корхонаҳои коркарди маъданҳои тсинк, консентратҳо, корхонаҳои тавлиди тсинк, корхонаҳои гудохтани феро, коркарди маъдагҳои мис, корхонаҳои полоиши алюминий ва ҳоказо мебошанд. Ширкати мазкур дар Замбия, Муғулистон, Таиланд, Эрон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Миср, Ветнам ва дигар кишварҳо лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳи тавлидӣ маъданҳо ва инчунин барқарорсозии корхонаҳоро амалӣ намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






