Баррасии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар форум
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 5-умин Форуми минтақавии «Самаранокии воситаҳои ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз Осиёи марказӣ дар кишварҳои қабулкунанда» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду рӯз боз идома дорад.
Дар форум масъалаи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бештар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд, баррасӣ гашта, роҳҳои ҳалли ин мушкилот ба сохторҳои дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирони меҳнатӣ машғуланд, пешниҳод мешавад.
Дар форуми минтақавӣ ҳолати дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хизматрасонии консулӣ ва дигар механизмҳои ҳифзи ҳуқуқӣ муайян шуда, ҳамкориҳои ваколатдорони ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ муайян мегардад.
Форум аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» дар доираи лоиҳаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки бо дастгирии DCA Central Asia, Bread for the World ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардид ва Платформаи ҳамкориҳои шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар рушд» баргузор гардида истодааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






